Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуркунандагон фурудгоҳро ишғол карданд


Тазоҳуркунандагони зиддиҳукуматӣ дар Таиланд имрӯз фурудгоҳи Бангкокро ишғол карданд ва намоиши эътирозии худро дар майдони нишастухези ҳавопаймоҳо идома доданд, Ба ин сабаб фурудгоҳи байнулмилалии Таиланд баста шуд ва даҳҳо ҳавопаймо аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон натавонистанд, дар ин майдон фуруд оянд. Талоши нерӯҳои интизомии Таиланд ба пароканда кардани мӯътаризон то ҳол натиҷа надода, чандин нафар боздошт ва 10 тан захмӣ шудаанд. Эътирозгарон талаб доранд, сарвазири Таиланд, Сомчай Вонгсават ба истеъфо равад. Онҳо Вонгсаватро айбдор мекунанд, ки шахси наздики сарвазири собиқ Таксин Шиноватра буда, дар амъоли ӯ шарик будааст. Шиноватра соли 2006 зимни як табаддулоти низомӣ аз мақомаш барканор гардид.
XS
SM
MD
LG