Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои Русия ба Венесуэла расиданд


Корвони киштиҳои Русия имрӯз ба Венесуэла расида, дар бандари Ла Гуара лангар хоҳанд партофт. Ин киштиҳо дар машқҳои муштараки низомии Русияву Венесуэла дар ҳавзаи Кариб ширкат хоҳанд варзид. Ин машқҳо баробар бо сафари раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Венесуэла сурат мегиранд. Ирсоли 4 киштӣ, бо шумули киштии ҳастаии “Пётри кабир”, нахустин иқдоми Маскав ҷиҳати ирсоли киштиҳояш ба Амрикои лотинӣ аз замони хатми Ҷанги сард дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG