Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ОЕСД аз имкони пасрафти кишварҳои доро


Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ, ОЕСД, ҳушдор дод, ки кишварҳои сарватманди дунё ба бадтарин мизони пасрафти иқтисодӣ дар тақрибан 30 соли охир рӯбарӯ шудаанд. Ин созмон дар гузориши ахираш гуфт, мизони пасрафти иқтисодӣ дар 30 кишвари узви ин созмон дар соли оянда ғолибан то 0,4 дарсадро ташкил хоҳад дод. Гузориш мегӯяд, бо ин ҳол, мизони бекорӣ босуръат афзуда, хатари хурде вуҷуд дорад, ки бархе аз кишварҳои сарватманд ба дефлятсия,и ё худ таварруми манфӣ, дучор хоҳанд шуд. Кишварҳои узви ОЕСД тақрибан 60 дарсади иқтидори иқтисодии дунёро дар ихтиёр доранд.
XS
SM
MD
LG