Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наришкин ба Тоҷикистон сафар мекунад


Раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Русия Сергей Наришкин рӯзи чоршанбе, 26 ноябр, аз Душанбе дидан ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад. Баррасии ҷараёни иҷрои қарордодҳои имзошуда миёни Душанбеву Маскав, аз ҷумла дар риштаи энержӣ як ҳадафи аслии сафари Наришкин ба Душанбе гуфта мешавад. Эҳтимол меравад, дар мулоқоти Душанбе масъалаи ба консортсиуми байналмилалии бунёди нирӯгоҳи Роғун пайвастани Русия низ матраҳ шавад.
XS
SM
MD
LG