Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, ҳамеша бо Лубнон хоҳад буд


Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ба ҳамтои лубнонии худ Мишел Сулаймон, ки бо сафаре дар Теҳрон ба сар мебарад, ваъда дод, ки Эрон ҳамеша аз Лубнон пуштибонӣ хоҳад кард. Тибқи иттилоъи хабаргузории ИСНО, Аҳмаднажод дар мулоқот бо Сулаймон гуфтааст, муқовимати Лубнон ба Исроил Лубнонро ба як рамзи ҷасорат дар минтақа табдил додааст. Аз замони инқилоби исломии Эрон дар соли 1979, ин савумин сафари президенти Лубнон ба Эрон мебошад. Теҳрон аз гурӯҳи мусаллаҳи зиддиисроилии Ҳизбуллоҳ пуштибонӣ мекунад, вале мегӯяд, ин ҳимоят асосан равонӣ буда, аз кӯмаки молӣ иборат нест.
XS
SM
MD
LG