Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мехоҳад аз силоҳи ҳаставӣ халос шавад


Президенти Покистон ба Ҳиндустон ваъда додааст, ки кишвараш аввалин шуда, ба истифода аз силоҳи ҳаставӣ даст нахоҳад зад. Раисҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ пешниҳод кардааст, ки Осиёи Ҷанубӣ аз ҳар гуна силоҳи ҳаставӣ халос шавад. Рӯзи шанбе дар як мусоҳиба ӯ гуфтааст, ки Покистон аввалин шуда аз силоҳи ҳаставӣ кор нахоҳад гирифт. Зардорӣ изҳор намудааст, ки ба фикри вай Маҷлиси қонунгузори Покистон ҳам пешниҳод дар мавриди минтақаи холӣ аз силоҳи ҳаставӣ эълон шудани Осиёи Ҷанубиро мепазирад. Ноимбурда аз Ҳиндустон даъват намудааст, ки ба Покистон пайравӣ кунад.

XS
SM
MD
LG