Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари тақдими паноҳгоҳ ба Мулло Умар рад шуд


Ҳукумати Арабистони Саудӣ ин гузоришро, ки Шоҳи Саудӣ Абдуллоҳ ба Мулло Умар- раҳбари ҷумбиши Толибони афғон, паноҳгоҳи сиёсӣ пешниҳод кардааст, беасос мешуморад.

Хабаргузориҳои саудӣ бо такя ба иттилоъ аз вазорати корҳои хориҷии ин кишвар гузориши маҷаллаи олмонии Шпигелро такзиб кардаанд.

Чанде пеш Шпигел бо ишора ба маълумот аз ҳукумати Афғонистон навишта буд, ки президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ва раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш пешниҳоди тақдими паноҳгоҳи сиёсӣ ба Мулло Умарро дастгирӣ кардаанд. Ба қавли ҳамин манбаъ ҳадаф аз ин пешниҳод қатъи ҷанг бо Толибон ва оштии миллӣ дар Афғонистон будааст.
XS
SM
MD
LG