Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама маъмурияти нави ИМА-ро интихоб мекунад


Ба назар мерасад, ки масъулони сиёсати хориҷӣ ва иқтисодии дастаи президенти мунтахаби ИМА Барак Обама муайян шудаанд ва тибқи иттилои расида Обама номзадҳо ба ду мақоми баландпояро ташхис намудааст.

Гуфта мешавад, ки сенатор Ҳиларӣ Клинтон номзад ба вазифаи котиби давлатӣ, яъне вазири корҳои хориҷии ИМА мебошад. Вале то кунун мувофиқати ниҳоӣ ҳосил нашудааст, ки хонум Клинтон ин мансабро қабул хоҳад кард ё не?

Ҳамчунон мансабдорони ситоди Обама иброз доштанд, ки эҳтимол президенти мунтахаб Тимотӣ Гейтнер-раиси бахши Бонки марказии ИМА дар шаҳри Ню Йоркро ба мансаби раиси Бонки марказии ИМА пешбарӣ намояд.

Шоми ҷумъа баъди пахши ин хабар нархи авроқи гаронбаҳо дар бозори молии Dow Jones-и Ню Йорк 6,5% боло рафт.

Барак Обама, ки дар интихоботи президентии 4-уми ноябр пирӯз шудааст, 20-уми январ савганди раёсатҷумҳурии ИМА-ро ёд намуда, зимоми қудратро ба даст мегирад.
XS
SM
MD
LG