Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар як маросими ҷаноза дар Покистон


Бар асари инфиҷор дар Вилояти Марзии шимолу ғарби Покистон дасти кам шаш кас кушта ва беш аз даҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар як маросими ҷанозаи шиаҳо дар мавзеъи Дараи Исмоил Хон рух дод, ки он ҷо чандин сол боз сунниҳо ва шиамазҳабҳо бо ҳам вориди даргириянд. Ин минтақа бо вилояти Вазиристони ҷанубӣ, ки қабилаҳои маҳаллӣ ба мусаллаҳони Толибон ва созмони “Ал-Қоида” паноҳгоҳ додаанд, ҳаммарз аст.

XS
SM
MD
LG