Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба посгоҳи полиси Гурҷистон


Гурҷистон гуфт, ки артиши Русия ҳамроҳ бо шӯришиён имрӯз ба як посгоҳи полиси Гурҷистон дар наздикии вилояти ҷудоихоҳи Абхозистон ҳамла бурданд. Сухангӯи вазорати дохила Шота Утиашвилӣ гуфт, ки ҷангиёни ҷудоихоҳи абхоз бо пуштибонии ду гурӯҳи низомии мусаллаҳи артиши рус ба ҷониби посгоҳи полис бо норинҷаку аслиҳа оташ кушоданд. Вай гуфт, ки истгоҳи полис дар наздикии деҳаи Ганмухурӣ хароб шуд, вале касе осебе надид. Ҳанӯз вокунише аз Маскав ба даст наомадааст.
XS
SM
MD
LG