Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳароси вакили Русия аз гуфтушуниди Карзай ва Толибон


Вакили Думаи давлатии Русия, Семён Багдасаров ба ҳукумати кишвараш пешниҳод кардааст, пайомадҳои эҳтимолии гуфтушуниди ҳукумати Афғонистон ва ҷумбиши Толибонро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кунад. Вай афзудааст, ин гуфтушунид барои Русия хатарнок мебошад, зеро таҳкими Толибон дар Афғонистон дар ҳолате ки ба гуфтаи ӯ, марзи Тоҷикистону Афғонистон беназорат буда, Тоҷикистон бо Русия раводиди сафар надорад, вуруди исломи тундгаро ба Русия имконпазир мегардад ва амнияти миллии Русия зери хатар мемонад.
XS
SM
MD
LG