Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши сеҷонибаи Амрикову Ироқу Туркия


Мақомоти Амрико, Ироқ ва Туркия барои тақвияти муқобила бо ҷудоихоҳони курд як кумитаи махсус таъсис додаанд, ки ин ҷудоихоҳон аз хоки Ироқ ба Туркия ҳамла мекунанд. Дар ин авохир Туркия ҳамлаҳо ба зидди ҷудоихоҳони курд аз Ҳизби Коргарони Курдистонро тақвият додааст, ки дар шимоли Ироқ паноҳ мебаранд. Ҳукуматҳои Амрико ва Ироқ Ҳизби Коргарони Курдистонро як гурӯҳи террористӣ медонанд, вале метарсанд, ки дар сурати ҳамлаи васеъмиқёс ба зидди онҳо авзоъ дар тамоми шимоли Ироқ ноором хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG