Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди Русия ва Гурҷистон имрӯз барпо мешавад


Пас аз як рӯзи таъхир намояндагони Русия ва Гурҷистон имрӯз дар Женева паси мизи гуфтушунид менишинанд. Сарпарастони музокирот гуфтаанд, ин таъхир бо сабабҳои фаннӣ ба амал омадааст. Ин гуфтушунид ба думболи ҷанги миёни Русия ва Гурҷистон аст, ки тобистони имсол дар Осетияи Ҷанубӣ иттифоқ афтод. Тарафҳо мехоҳанд, иҷрои оташбаси пешниҳодкардаи Иттиҳоди Аврупо, амният, бозгашти паноҳандагон ва мурооти ҳуқуқи инсонро баррасӣ кунанд. Даври аввали гуфтушунид дар моҳи октябр зимни баҳс рӯи ширкати намояндагони Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ шикаст хӯрда буд. Гурҷистон ба ҳузури ин намояндагон мухолиф аст.
XS
SM
MD
LG