Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии НАТО аз бунёди сипари мушакии Амрико


Паймони НАТО бори дигар аз тарҳи ИМА барои бунёди сипари мушакӣ дар Аврупо пуштибонӣ кард. Намояндаи Паймони Атлантикаи Шимол Кармен Ромеро гуфт, ки мавқеъи НАТО аз замони нишасти сарони кишварҳои узви Паймон дар Бухарест тағйир нахурдаааст. Дар он нишаст НАТО аз тарҳи Амрико барои ҷойгирсозии радар ва системи зидди ҳамлаи ҳавоӣ дар Чехия ва Лаҳистон ҷонибдорӣ карда буд.

Изҳороти ахир ба думболи як баёнияи раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ пахш шуд, ки гуфтааст бунёди сипари мушакии Иёлоти Муттаҳида амнияти Аврупоро тақвият нахоҳад бахшид.

XS
SM
MD
LG