Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раҳбари низомии ЭТА дар як фароғатгоҳ


Мишел Аллио Марӣ, вазири умури дохилаи Фаронса дар бораи боздошти яке аз раҳбарони эҳтимолии бахши низомии созмони ЭТА хабар дод. Гуфта мешавад, ки Мигель Гарикоиц Аспиазу Рубина бо лақаби "Чероки" шаби гузашта дар минтақаи Пиренеи болоӣ, воқеъ дар марзи миёни Фаронсаву Испания дастгир шудааст. Вазири дохилаи Фаронса аз ошкор кардани ҷузъиёти амалиёт худдорӣ кард. Хонум Мишел Аллио Мари фақат гуфт, ки амалиёт “ҳамкории басо хуби Фаронса ва Испания дар мубориза бо терроризми баскҳоро намоиш дод”. Хабаргузории “Баско-Пресс” иттилоъ дод, ки Рубина ҳамроҳ бо як узви эҳтимолии дигари ЭТА дар як шаҳраки хурди фароғатгоҳӣ дар як минтақаи кӯҳӣ боздошт шудаааст. Мигель Рубина, аз ҷумла, дар куштори ду низомии артиши Испания дар шаҳраки фаронсавии Капбретон дар тақрибан як соли пеш гумонбар мешавад.

Созмони ЭТА (“Euskadi Ta Askatasuna” ё “Кишвари Баскҳо ва Озодӣ”) соли 1959 ба хотири мубориза барои истиқлоли минтақаи баскнишини Испания таъсис шуда буд. Тайи ин солҳо аз сӯи мусаллаҳони ин гурӯҳ тақрибан 820 нафар кушта шудаанд. Испания, Фаронса ва чанд кишвару созмонҳои байнулмилалии дигар ЭТА-ро ба феҳристи гурӯҳҳои террористӣ шомил кардаанд.
XS
SM
MD
LG