Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафинаи "Endeavour" ба пойгоҳи кайҳонӣ васл шуд


Сафинаи рафтубаргашти кайҳонии Иёлоти Муттаҳида бе мушкил ба Пойгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ пайваст шуд. Киштии "Endeavour" ҳафт ситоранаварди амрикоиро ба ин пойгоҳ расонд, ки 15 рӯз дар он фаъолият хоҳанд кард. Сокинони Пойгоҳи байнулмилалии кайҳонӣ сафинаро ҳангоми васл шуданаш бо пойгоҳ аз наздик аккосӣ карданд, то муайян шавад, ки киштӣ ҳангоми оғози парвоз тахрибе дидааст ё не. Гуфта мешавад, он замон ду порча аз сафина ҷудо шуда афтодааст.
XS
SM
MD
LG