Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба муқовимати сахттар бо Эрон даъват кард


Сарвазири Исроил, Эҳуд Олмерт ба маъракаи қавитари зидди барномаи ҳастаии Эрон даъват кард. Вай дар нутқе дар баробари пешвоёни яҳудӣ дар Байтулмуқаддас гуфт, "мо бояд ба кӯшишҳои пайваста ва бадниҳодонаи Эрон муқовимат кунем ва ба он бо нерӯи бештаре посух диҳем." Исроил Эронро як таҳдиди стратегӣ ва тахриби давлати яҳудиро ҳадафи барномаи ҳастаиву бунёди мушакҳои дурпарвози Эронро мешуморад. Олмерт зимни пажӯҳиши фасод дар мояи сентябр аз мақоми сарвазир истеъфо додааст, аммо то ташкили ҳукумати нави Исроил баъд аз интихоботи моҳи феврал, иҷрокунандаи вазифаи сарвазир мебошад.
XS
SM
MD
LG