Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхторҳои пурхисора дар ҷангалҳои Калифорния


Сӯхтор дар ҷангалистонҳои ҷануби Калифорнияи Амрико мунҷар ба тахриби садҳо манзил ва беҷо шудани ҳазорон нафар аз сокинони манотиқи атрофи шаҳри Лос-Анҷелес шудааст. Танҳо дар Силмар беш аз 500 хона ба коми оташ рафта, 10 000 нафар кӯч дода шуданд. Дар Оранҷ Каунтӣ ба беш аз 20 000 нафар дастури кӯчидан дода шуда, сӯхторҳои шадид ба Монесито, Ёрба Линда ва Корона низ асобат кардааст. Мақомот силсилаи сӯхторҳои кунуниро аз бадтарин сӯхторҳо дар ин қаламрав дар зарфи қариб 50 соли охир унвон мекунанд. Бодҳои тунди даштӣ боиси ба суръат доман густурдани сӯхторҳои кунунӣ дар ҷангалҳои Калифорния шудааст.
XS
SM
MD
LG