Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон бар ивази Халқ Маслаҳатӣ


Рӯзи 14-уми ноябр расман корзори интихоботи порлумонии Туркманистон шурӯъ шуд, ки режими онро яке аз худкоматарин ҳукуматҳо дар ҷаҳон медонанд. Ин нахустин интихоботи порлумонист, ки дар замони раёсати ҷумҳури Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури феълии Туркманистон сурат мегирад.

Интихоботи порлумонии Туркманистон рӯзи 19 декабр баргузор мешавад ва корзори интихоботӣ барои ширкат дар он расо як моҳ пеш оғоз ёфт. Интихобот қабл аз мӯҳлати таъйиншуда сурат мегирад, зеро баъди ислоҳи Қонуни Асосии Туркманистон дар аввали ҳамин сол, теъдоди вакилони мардумӣ дар порлумони ин кишварро аз 50 то 125 расонда ва салоҳиятҳои қонунгузориро ба он баргардонданд.

Дар замони Сафармурод Ниёзов – вазифаҳои порлумонро Халқ Маслаҳатӣ - шӯрои пиронсолони Туркманистон иҷро мекард, ки ба ғайр аз балегӯӣ дигар коре надошт.

Зоҳиран, порлумони нав ҳам фарқи зиёде аз он нахоҳад дошт, зеро ҳукумат дар Туркманистон асосан аз тарафи раисҷумҳур идора мешавад. Муддатҳои тӯлонист, ки Туркманистон яке аз кишварҳои ғайридемократитарини дунё маҳсуб мешавад, зеро дар он аз аҳзоби мухолиф ва матбуоти мустақил нишоне нест ва ҳукумати Туркманистон бо зиндонӣ кардани мухолифонаш ба қавле шӯҳрат дорад.

Дар интихоботи пешин, ки бо дастуруламали ҳукумат доир шуд, мардум ба ғайр аз интихоби баргузидани номзадҳои пешниҳодшуда дигар интихобе надоштанд. Дар он замон барои 50 курсии порлумон 51 нафар номзад буданд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар замони интихобот дар соли 2004 вазири беҳдошт буд, интихоботи навро ситоиш кард. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, бояд афроди маҳбуб, соҳибтаҷриба ва кордон ба мақоми вакилӣ интихоб шаванд, чизе ки аксарияти кишварҳо онро мехоҳанд.

Аммо аз интихоботи нав дар Туркманистон, ки асосан як ҳизбро дар он мешиносанд, чӣ тағйиротеро метавон мунтазир буд. Ба ғайр аз Ҳизби Демократии Туркманистон ҳаракати сиёсии мавсум ба “Рушд” дар ин кишвар фаъолият мекунад, ки зоҳиран офаридаи ҳукумат аст. Ба гуфтаи Йолим Беков, фаъоли сиёсии туркман, зоҳиран мардум танҳо ҳаққи интихоб аз миёни намояндагони ин ду гурӯҳи сиёсиро хоҳанд дошт ва тамом. Барои пешниҳоди вакили мустақил бояд дасти кам 200 нафар ҷамъ оянд, ки бо назардошти собиқаи саркӯбии фаъолони сиёсӣ дар Туркманистон ташкили чунин гирдиҳамоӣ кори саҳле нест.

Аммо ҳатто агар вакили мустақил ҳам пайдо шавад, сабти ном кардан барои ӯ мисли расидан ба кӯҳи Қоф хоҳад буд. Яке аз чунин афрод, Қурбондурдӣ Дурдиқулиев аст, ки барои озодандешиаш аз ҳукумати Туркманистон ба қавле подош гирифтааст. Ӯро моҳи январи соли 2004 ба бемористони рӯҳӣ андохтанд, зеро ӯ дар як нома ба раисҷумҳури пешин Сафармурод Ниёзов навишт, ки иҷоза диҳад, то гурӯҳи норозӣ аз сиёсатҳои ҳукумат тазоҳуроти осоиштаи эътирозӣ ташкил диҳанд. Қурбондурдӣ Дурдиқулиев – соли 2006 аз девонахона раҳо карданд ва ӯ умедвор буд, ки дар интихоботи порлумонии имсола ширкат мекунад, ва ҳатто гурӯҳи ташаббускорашро ҳам таъсис дод. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вай гуфт, талошаш барои сабти номаш ба ҳайси номзад вакилӣ бенатиҷа анҷомидааст. Дар кумиссиёни интихоботи Туркманистон баҳона пеш овардаанд, ки ӯ барои гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурии сабти ном дер ба кумиссиён муроҷиат кардааст ва бояд санадҳои лозим барои сабти ном то 11 ноябр пешниҳод шаванд. Аммо мегӯяд, Қурбондурдӣ Бердимуҳаммадов – бар асоси қонун, санадҳо барои сабти номи номзад ба вакилӣ бояд то 14 ноябр ба Кумиссиёни Марказии Интихобот пешниҳод шавад.

XS
SM
MD
LG