Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти захоири нави газ дар Туркманистон


Туркманистон аз дер боз мубоҳот мекард, ки соҳиби захираҳои азими газ дар ҷаҳон мебошад, вале хориҷиён ба ин бовар надоштанд, чаро ки ба ғайр аз худи мутахассисони туркман дигар касе захираҳои гази Туркманистонро таҳқиқ накарда буд.

Аммо акнун вазъ дигар аст, зеро ширкати бритониёии GCA пас аз таҳқиқи майдонҳои гази табиии он кишвар гуфт, воқеан зери хоки Туркманистон сарвати табиӣ зиёд нуҳуфта аст. Эъломи Ҷим Гиллет – коргузори ширкати Ҷи Си Эй доир ба хулосаи таҳқиқи майдони гази Ёлотан Усмон дар шимолу шарқи Туркманистон барои бисёриҳо ғайриинтизор буд. Ӯ гуфт, ки майдони Ёлотан чаҳорумин ё панҷумин захираи бузургтарини газ дар ҷаҳон аст.

Пештар тахмин мекарданд, ки захираи гази Давлатобод бо як триллиону 400 миллион метри мукааб газ бузургтарин захираи гази табиӣ дар Туркманистон аст. Ва аксари созишномаҳои содироти гази табии Туркманистон бо назардошти захираҳои Давлатобод мебошад. Аммо, ба гуфтаи Ҷим Ҷиллет, майдони Ёлотан аз 4 триллион то 14 триллион метри мукааб гази табиӣ дошта метавонад.

Агар дар муқоиса бигирем, соҳиби захираҳои азимтарини газ дар ҷаҳон Русияву Эронанд, ки аввалӣ 48 триллион ва дуввумӣ 26 триллион метри мукааб гази табиӣ доранд ва Иттиҳоди Аврупо солона то 300 миллион метри мукааб гази табиӣ истеъмол мекунад.

Агарчӣ майдони Ёлотани Туркманистон 14 триллион метри мукааб гази табиӣ ҳам надошта бошад, вале он яке аз майдонҳои бисёри газ дар Туркманистон аст. Ба гуфтаи Ҷим Ҷиллет, ширкати онҳо ба зудӣ ҳаҷми дақиқи газ дар майдони Ёлотанро мушаххас хоҳад кард. Вале, мегӯяд ӯ, Туркманистон захираҳои кофии газро дорад, ки қарордодҳои баста бо мизоҷонашро иҷро кунад.

Туркманистон бар асоси қарордодҳои бастааш солона ба Русия 50 миллион, ба Чин 40 миллион ва ба Эрон 8 миллион метри мукааб гази табиӣ мефурӯшад. Иттиҳоди Аврупои ташнаи газ низ ба захираҳои азими сӯзишвории Баҳри Хазар чашм дӯхта, ва аз ин рӯ, ҷонибдори бунёди лӯлаи гази Набукко ва Маҷрои Сафед аст, ки дар сурати кашидан, ин ду лӯла солона то 30 миллион метри мукааб гази табии Осиёи Марказиро ба Аврупо мерасонад. Аммо баъзеҳо мегӯянд, ки бе пайвастани Эрон ба Набукко ва Маҷрои Сафед, бунёди он лулаҳои гази табиӣ чандон фоидаовар нахоҳанд буд.

Ҳукумати Туркманистон ҳафтаи гузашта эълом кард, ки мехоҳад то соли 2015 содироти газро то ба 125 миллион метри мукааб гази табиӣ бирасонад. Аммо Чарлз Эссер, таҳлилгари умури энержӣ аз Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо мегӯяд, Ёлотан ҳоло майдон аст ва барои истихроҷи гази он кори зиёдест, ки худи Туркманистон танҳо анҷом дода наметавонад.

Натиҷаҳои таҳқиқи ширкати Ҷи Си Эй барои Туркманистону мизоҷонаш ва талабгорони гази табии он хабари хубест. Вале бо назардошти собиқаи ваҳшатноки нақзи ҳуқуқи инсон дар Туркманистон созмонҳои ҳомии ҳуқуқ нигаронанд, ки бо назардошти манофеъи иқтисодӣ кишварҳои ғарбӣ масъалаи муҳими риояти ҳуқуқи инсонро чандон ба инобат намегиранд. Ин созмонҳо то кунун аз кишварҳои ғарбӣ хостаанд, то ҷиҳати ислоҳоти демократӣ ба ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ фишор оваранд. Ва аввали ҳамин сол ҳам возеҳ шуд, ки шитоб барои соҳиб шудан ба манобеъи сӯзишворӣ нигарониҳо доир ба ҳуқуқи инсон дар Туркманистонро ба масъалаи дуввумдараҷа табдил дод. Ва акнун, ки захираҳои азими гази табииро ширкати мустақили ғарбӣ таъйид кардааст, зоҳиран ба масъалаи риояти ҳуқуқи инсон дар Туркманистон таваҷҷӯҳи камтаре хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG