Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафту газ ангезаи ҷанги Русия ва Гурҷистон?


Интиқоли нафт аз лӯлаи Боку-Тифлис-Сайҳун соли 2005 шурӯъ шуда буд.
Интиқоли нафт аз лӯлаи Боку-Тифлис-Сайҳун соли 2005 шурӯъ шуда буд.

Даргириҳо дар Гурҷистон ба лӯлаҳои асосие таҳдид мекунанд, ки Аврупоро бо нафту газ таъмин менамоянд.

Normal 0

Хушунатҳо дар ин ҷо баёнгари осебпазирии эътидол дар Қафқоз мебошанд ва даргириҳои ахир метавонанд ба масири лӯлаҳои ояндаи нафту гази минтақа таъсир гузоранд.

Ду лӯлаи муҳим яке барои нафт ва дигаре барои газ аз қаламрави Гурҷистон мегузаранд. Ҳарчанд ҳанӯз на ҳамаи гунҷоиши лӯлаи нафти Боку-Тифлис-Сайҳун истифода мешавад, барои ду рӯз аз кор мондани он ба вазъи бозори энержӣ ва қимати нафт таъсир кард.

Шохаи дигари лӯлаи нафт, ки рӯзона наздик ба 90 000 бушка нафтро ба бандари Супсаи Гурҷистон дар Баҳри Сиёҳ мерасонад, рӯзи 12-уми август аз тарафи ширкати Бритиш Петролиум аз бими бомбаборон шудани лӯла баста шуд ва танҳо рӯзи 14-уми август ҳаракати нафт дар лӯла аз нав шурӯъ гашт. Лӯлаи дигар, ки масири он ҳампаҳлу бо лӯлаи нафти Боку-Тифлис-Сайҳун шурӯъ мешавад ва низ ҳанӯз сохтмони он идома дорад, вақте ки дар соли 2012 ба кор даромад, қарор аст солона то 10 миллиард метри мукааб газ интиқол диҳад, ки бахши асосии он низ ба Аврупо хоҳад рафт.

Коршиноси масъалаҳои энержӣ дар Мадрид, Федерико Бордонаро бар ин аст, ки низоъ дар Гурҷистон барои ин масирҳои интиқоли захираҳои энержӣ мушкилоте ба вуҷуд овардааст.

Бордонаро мегӯяд, "ҷанги Русия ва Гурҷистон ба тамоми сохтори геополитикии Қафқоз асар кард ва аксари таҳлилгарону сармоягузорон нигаронанд, ки лӯлаҳои нафти Боку-Тифлис-Сайҳун ва гази Боку-Тифлис-Ерзерумро чӣ хоҳад шуд ва ҳам нақшаҳои Аврупо ва Амрико дар таҳкими нақши Қафқози Ҷанубӣ ҳамчун гузаргоҳи стратегии маводи сӯхт ба самти Ғарб ба чӣ рӯбарӯ хоҳад буд."

На танҳо Бордонаро, балки таҳлилгари масъалаҳои энержӣ дар Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, Чарлз Эсер низ бар ин аст, ки бӯҳрон дар Гурҷистон ба интиқоли нафту газ таъсир расондааст.

Аммо ин таъсирро ҳарду дар баробари эҳтимолу дурнамоҳо камтарин мешуморанд.

Дар ҳоли боқӣ мондани вазъи феълӣ Озарбойҷон ва Туркия осеби бузург хоҳанд дид. Онҳо умедворанд ба марказҳои асосии энержии Каспий ва Аврупо табдил ёбанд ва барои ин тарҳи чандин лӯлаи нав дар паҳлуи лӯлаҳои дар ҳоли эҳдос омода шудаанд, ки бояд нафт ва гази Хазару Осиёи Марказиро ба Аврупо интиқол диҳанд. Лекин дар вазъи мавҷуда ва пас аз ҳодисаҳое, ки дар Гурҷистон ба амал омад, сармоягузорони эҳтимолӣ нақшаҳои худро бознигарӣ хоҳанд кард.

Раиси собиқи ширкати давлатии нафти Озарбойҷон, Собит Боқиров мегӯяд, сармоягузорони масирҳои нав аз тариқи Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркия акнун ба амнияти лӯлаҳо таъкиди бештар хоҳад кард:

"Бар асари инфиҷори лӯла дар Туркия, ки ҷудоихоҳони курд масъулияти онро бар дӯш гирифтанд, 20 ҳазор тонна нафт нобуд гашт ва зимни иттиҳомоти ҳамлаҳо ба лӯла дар Гурҷистон, хатар ба ин масирҳо афзоиш ёфтааст. Ин сабаб мегардад, ки се кишвар бояд низоми амнияти масирҳоро таҳким диҳанд ва ин ба манфиати ҳам ширкатҳост ва ҳам давлатҳо."

Шореҳи масъалаҳои энержӣ дар Мадрид Федерико Бордонаро инро ҳам ёдрас мекунад, ки дар вақташ Русия шадидан мухолифи эҳдоси ин лӯлаҳо буд, зеро онҳо қаламрави Русияро дар канор мегузоштанд ва таъсири Маскавро ба Аврупо коҳиш медиҳанд.

Биноан, бархе аз коршиносон ҳаракати ҳарбии Русияро ба дохили Гурҷистон талоши эҳёи ҳокимияти он дар минтақа ба хотири коҳиши эҳтимоли масирҳое медонанд, ки ба манфиати Маскав нестанд.

Дар ҳоли ҳозир сармоягузорони масирҳои нав, ки асосан аз Аврупоянд, расман аз нигарониҳои худ хабар надодаанд, вале мусалламан авзоъро барои моҳҳои оянда ҷиддан дунбол хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG