Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз Медведев


Метю Бриза дар нишасти хабарӣ дар Тифлис.
Метю Бриза дар нишасти хабарӣ дар Тифлис.

Ноиби ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Метю Бриза аз амали президенти Русия, Дмитрий Медведев дар ҳимоят аз манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон интиқод кард.

Дар ҳоле ки нерӯҳои зиреҳпӯши Русия ҳаракат дар атрофи шаҳрҳои Гурҷистонро идома медиҳанд, ноиби ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Метю Бриза рӯзи 14-уми август бо телевизиони Ройтерз ва ҷудогона бо раиси дафтари Радиои Озодӣ дар Тифлис, Мортина Вашакмадзе ба сӯҳбат нишаст. Бриза рӯйирост аз амали президенти Русия, Дмитрий Медведев дар ҳимоят аз манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон интиқод кард ва мудохилаи низомии Русияро нақзи қавонини байнулмилалӣ номид. Бриза ҳамчунин гуфт, сарбозони рус посдори сулҳ нестанд, балки як тарафи ҷанг мебошанд ва онҳо натавонистанд аз бӯҳрони башарву хушунатҳо дар Осетияи Ҷанубӣ ҷилавгирӣ кунанд.



(Навори видео аз Ройтерз)
XS
SM
MD
LG