Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Ҷорҷ Буш дар робита ба Гурҷистон


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳамроҳ бо вазири умури хориҷӣ Кондолиза Райс (аз тарафи рости ӯ) ва вазири дифоъ Роберт Гейтс (аз тарафи чап) ҳангоми изҳороти сиёсӣ, Вошингтон, Кохи Сафед, 13 августи соли 2008.
Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳамроҳ бо вазири умури хориҷӣ Кондолиза Райс (аз тарафи рости ӯ) ва вазири дифоъ Роберт Гейтс (аз тарафи чап) ҳангоми изҳороти сиёсӣ, Вошингтон, Кохи Сафед, 13 августи соли 2008.

Президенти ИМА Ҷорҷ Даблю Буш аз Русия даъват кард, ба аҳд вафо кунад ва ба низоъ дар Гурҷистон хотима гузорад.

Буш гуфт, ки ба нишони пуштибонӣ аз ҳукумати ба таври демократӣ интихобшудаи Гурҷистон Кондолиза Райс котиби давлатии ИМА-ро ба сафари Фаронсаву Гурҷистон сафарбар хоҳад кард. Ба қавли раисҷумҳури ИМА аъмоли Русия дар Гурҷистон суолҳоро дар мавриди ҳадафҳои аслии Маскав дар ин кишвари соҳибистиқлоли минтақаи Қафқоз матраҳ мекунад. Ҳамчунон Вашингтон тасмим гирифтааст бо истифода аз роҳҳои ҳавоӣ ба Гурҷистон кумакҳои башарӣ интиқол диҳад.

"Ҳавопаймои С-17-и нерӯҳои ҳавоии ИМА озими Гурҷистон аст ва дар рӯзҳои оянда бо истифода аз роҳҳои ҳавоиву баҳрӣ кумакҳои башарии ИМА ба Гурҷистон интиқол хоҳанд ёфт,"-мегӯяд президенти ИМА Ҷорҷ Буш.

Рӯзи чоршанбе дар Қасри Сафед раисҷумҳури ИМА ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон ҳамчунон гуфт, ки Вашингтон аз ҳукумати демократии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад:

"Ман котиби давлатӣ Кондолиза Райсро ба Фаронса мефиристам, то бо раисҷумҳури ин кишвар Николас Саркоз мулоқот намояд. Сипас ӯ ба Тифлис сафар мекунад. Дар он ҷо ӯ шахсан дастгирии бидуни тардиди Амрико аз ҳукумати демократии Гурҷистонро баён хоҳад кард. Дар ҷараёни ин сафар ӯ ба хотири тавсеаи дастгирии саросарии аҳли олам аз озодии Гурҷистон талош хоҳад варзид."

Президенти Буш ба кӯшишҳои раҳбари Фаронса баҳои баланд дод. Дар ин байн дафтари матбуотии президенти Фаронса иттилоъ дод, ки президент Николас Саркозӣ, ки раҳбарии даврии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад ва дар имзои созиши таваққуфи ҷанг дар Гурҷистон миёнаравӣ кардааст, рӯзи панҷшанбе бо Кондолиза Райс низои Русияву Гурҷистонро арзёбӣ мекунад.

Раисҷумҳури ИМА изҳори нигаронӣ кард, ки тибқи баъзе гузоришҳо низомиёни Русия ба шартҳои оташбас эҳтиром намегузоранд.

"Амалии кунунии Русия суолҳои ҷиддӣ дар мавриди ҳажафи аслии Маскав дар Гурҷистону минтақаро матраҳ мекунад. Солҳои ахир Русия зиёд ҷадал дошт, ки дар ниҳодҳои дипломатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии асри 21 роҳ ёбад. ИМА аз ин кӯшишҳо пуштибонӣ кардааст. Ҳозир Русия бо амалиёт дар Гурҷистон, ки мухолифи усули он ниҳодҳо мебошад, ин орзуяшро зери хатар қарор додаааст. Ба хотири тармими хасороте, ки ин амал ба равобити Русия бо ИМА, Аврупо ва кишварҳои дигар ворид намудааст. ҳамчунон бо ҳадафи эҳёи мавқеаш дар арсаи ҷаҳонӣ Русия бояд ба қавлаш вафо намуда, ин бӯҳронро хотима бахшад."

Раисҷумҳури ИМА интизор дорад, ки низомиёни Русия роҳҳои нақлиётӣ васоили мухобирот, бандарҳо, фурудгоҳҳо ва ҳарими ҳавоии Гурҷистонро барои интиқоли ёриҳо боз нигаҳ хоҳад дошт ва рӯзҳои наздик сарбозони Русия хоки Гурҷистонро тарк мекунанд.

XS
SM
MD
LG