Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқ бар эҳдоси лӯлаи гози Туркманистон


Рагувир Шарма
Рагувир Шарма

Бар сари эҳдоси лӯлаи гози Туркманистон ба Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Афғонистон бо мушорикати Бонки Ҷаҳонӣ тавофуқ ҳосил шудааст.

Дар ин бора, Рагувир Шарма, мушовири энержии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ, хабар дод.
Дар ҳоли ҳозир, ба қавли Р. Шарма, бо дастури Бонки чаҳонӣ асноди молӣ ва фаннии ин тарҳ омода мешавад. Ба таъйиди ӯ, то 9 моҳи оянда куллия асноди тарҳи интиқоли гози Туркманистон ба Тоҷикистон омода шуда, баъдан барои эҳдоси он музояда эълом хоҳад шуд.
Ба тахмини оқои Шарма ҳазинаи ин пружа ҳудуди 100 миллион доллари ИМА буда, дар 3-4 соли оянда гози Туркманистон ба Тоҷикистон хоҳад расид: «Ҳоло давраи баҳодиҳии фаннии ин тарҳ аст. Вақте ки баҳодиҳии фаннии ин тарҳ ба анҷом расад, мо ҷустуҷӯи сармоягузорони ин тарҳро оғоз мекунем».
Тавофуқ сари эҳдоси ин тарҳ дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои истихроҷи гози табиъии худ бо ширкатҳои «Тетис Петролиюм Лимитед»-и Амрико ва «Газпром»-и Русия тарҳҳоро роҳандозӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, ширкати русии «Газпром», эълом кардааст, ки пас аз чаҳор сол дар қаламрави Тоҷикистон истихроҷи гози табиъиро оғоз хоҳад кард. Ба таъйиди ин ширкати русӣ, дар Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 1,5 милиард метри мукаъъаб гази табиъӣ истихроҷ кардан мумкин аст.
То кунун, Тоҷикистон ниёзи худ ба сӯзишвориро бо харидории тақрибан 700 милллион метри мукаъъаб гази табиъӣ аз Узбакистон бароварда месохт.
Вале, дар ҳамин ҳол, Узбакистон интиқоли гози табиъии худ ба Тоҷикистонро дар фасли сармо бо ҳар баҳона қатъ мекунад.
Оқои Шарма бовар дорад, ки иҷрои тарҳи лӯлаи гоз ба Тоҷикистону Афғонистон имконоти тозаеро барои бароварда сохтани ниёзи худ ба ин сӯзишвориро фароҳам месозад ва Туркманистон ҳам ҷиҳати фурӯши гози табиъияш бозори нав меёбад.
XS
SM
MD
LG