Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш роҳи наҷот аз бӯҳрони молиро нишон дод


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш мегӯяд, низоми молии ҷаҳон ба ислоҳот ниёз дорад, вале бӯҳрони ахири иқтисодӣ далели нокомии бозори озод нест. Вай афзуд, мудохилаи давлат роҳи ҳалли ин мушкилот нест ва набояд бӯҳрон сабаби маҳдуд шудани савдои озод гардад. Вай гуфт: "Дар ҳоле ки ислоҳи бахши молӣ боаҳамият аст, ҳалли мушкили имрӯзаро танҳо рушди устувори иқтисодӣ таъмин карда метавонад. Ва мутмаинтарин роҳ ба суи он аз тариқи бозори озод ва мардуми озод аст." Буш ин мавзӯъро дар нутқе дар маркази молии Ню Йорк ва пешорӯи нишасти сарони 20 кишвари пешрафта ва рушдкунандаи ҷаҳон баён дошт.
XS
SM
MD
LG