Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳузури ҳарбии Бритониё дар Афғонистон


Бритониё мегӯяд, нерӯҳои худро дар Афғонистон нигоҳ хоҳад дошт, аммо ба шумораи онҳо нахоҳад афзуд. Сухангӯи Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, кишвараш ҳузури ҳарбии худро дар Афғонистон "ҳаётан муҳим" мешуморад. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки раиси ҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, дар дидор бо сарвазири Бритониё, Гордон Браун, ба ирсоли нерӯҳои бештари байнулмилалӣ ба Афғонистон даъват кард, то ошӯби Толибон шикаст дода шавад. Дар ин байн дирӯз бар асари таркиши як бомбаи сарироҳӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилдманди Афғонистон ду сарбози бритониёӣ кушта шуданд. Бритониё дар Афғонистон 8 000 сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG