Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машварати НАТО бо Укроин дар Таллин


Вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО имрӯз дар шаҳри Таллин пойтахти Эстония дар як нишасти ғайрирасмӣ бо мақомоти Укроин машварат доранд. Мақсад аз чунин машваратҳо, ки аз соли 2002 инҷониб маротибаи шашум баргузор мешавад, кӯмак ба Укроин дар амри пайвастан ба Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ аст. Дар ҳамоиши Таллин Яаап Де Ҳоп Схеффер, дабири кулли НАТО, вазири дифоъи Укроин, Юрий Ехануров ва ҳамтои амрикоии ӯ Роберт Гейтс ҳузур доранд. Роберт Гейтс рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Русия набояд аз иштиёқи кишварҳои собиқи шӯравӣ барои ҳамкории наздиктар бо кишварҳои ғарбӣ эҳсоси хатар кунад.
XS
SM
MD
LG