Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш "ҳолати изтирорӣ" бо Эронро тамдид кард


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Буш дастури ҳолати миллии изтирорӣ дар робита ба Эронро ба як соли дигар тамдид кард. Сухангӯи ҳукумати Амрико дар шарҳи ин дастур гуфт, "авзоъи Эрон ҳамоно ба амнияти миллӣ, сиёсати беруна ва иқтисодиёти Амрико таҳдиди ғайриодӣ ва фавқулода мебошад." Дастури мазкур аввалин бор дар мояи ноябри соли 1979, замоне имзо шуда буд, ки донишҷӯёни исломӣ сафорати Амрико дар Теҳронро ишғол карда, 52 корманди онро ба гарав гирифта буданд. Дар изҳороти Кохи сафед гуфта мешавад, муносибатҳои Амрико бо Эрон ҳанӯз ҳам ба ҳолати одӣ барнагаштаанд.
XS
SM
MD
LG