Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мегӯяд ОПЕК-и газ таъсис намёбад


Сарвазири Русия Владимир Путин мегӯяд, нақшае мавҷуд нест, ки тибқи он дар пайравӣ аз ОПЕК, созмони содиркунандагони нафт иттиҳоди байнулмилалии кишварҳои тавлидкунандаи газ таъсис ёбад. Путин пас аз гуфтушунид бо сарвазир Миср Аҳмад Назиф дар Маскав гуфт, ин тарсу бими бархе аз кишварҳои истеъмолкунандаи газ аст, ки созмони содиркунандагони газ назорати нархро ба даст хоҳад гирифт. Русия, Эрон ва Қатар се кишваре, ки ними захираҳои гази ҷаҳонро соҳибанд, ин ҳафта дар Қатар ҳамкориҳои риштаи газро баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG