Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даъвати ҷавонони тоҷик ба артиш


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи артиш дар кишвар 80 дарсад ба иҷро расидааст. Ҳарчанд онҳо мегӯянд, ин фароянд бидуни мушкил пеш меравад, даҳҳо ҷавонон шикоят мекунанд, ки аз кӯча боздошт шуда, ба сарбозхона интиқол ёфтаанд. Ҳамчунин ҳодисаҳои сафар ба Русия бо баҳонаи мардикорӣ ба хотири раҳоӣ аз хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадаанд. Мавсими даъват ба артиш то охири ноябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG