Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди хатми ҷанги якуми ҷаҳон дар Вердун


Имрӯз Аврупо солгарди навадуми поёни ҷанги аввали ҷаҳонро таҷлил мекунад. Раҳбарони қудратҳое, ки 90 сол қабл муқобили ҳам меҷангиданд ва акнун бо ҳам аҳди иттиҳод бастаанд, дар маросиме дар маҳалли Ҷанги Вердун дар Фаронса гирди ҳам омаданд. Дар набарди Вердун, ки соли 1916 11 моҳ идома дошт, 300 000 сарбози Фаронсаву Олмон кушта шуданд.

Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ имрӯз дар Вердун хостори арҷгузорӣ ба кулли қурбониҳои он набард шуд: “Ҳоло, ки кулли шоҳидони он фоҷиъа тарки дунё кардаанд, ҳоло ки охирин сарбози зиндамондаи он ҷанги мудҳиш низ дар Фаронса чашм аз олам пӯшидва дигар ҳамроҳи мо нест, ҳоло ки тамоми адоват аз байн рафтааст, фурсате расида, ки мо бидуни истисно, ба тамоми кушташудагон арҷ гузорем.”

Созишномаи хатми ҷанги якуми ҷаҳон, соати 11-и рӯзи 11-уми моҳи 11-уми соли 1918 имзо шуд. Тайи 4 соли ҷанги аввали ҷаҳон Русияву Фаронсаву Бритониё ва Олмону салтанати вақти Австро-Венгрия ҳудуди 7 миллион қурбонӣ доданд.
XS
SM
MD
LG