Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори шашум дар Сочӣ


Мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Сочии Русия мегӯянд, имрӯз дар натиҷаи таркиши бамб дар ин шаҳр, ки мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар соли 2014 интихоб шудааст, як мард осеб дид. Танҳо дар соли ҷорӣ ин шаҳри бандарии воқеъ дар соҳили баҳри Сиёҳ бори шашум аст, ки шоҳиди инфиҷорҳо мешавад. Бар асари таркишҳои қаблӣ, 4 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрҳӯ шуданд. Аммо сухангӯи идораи милисаи маҳаллӣ гуфтааст, ҳанӯз намешавад ин ҳама таркишҳоро бо ҳам рабт дод.
XS
SM
MD
LG