Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули бузурги Бағдод дубора боз шуд


Имрӯз бузургтарин пули Бағдод баъд аз 3 сол дубора боз шуд. Ин пул 3 сол пеш дар пайи ҳалокати ҳудуди 1000 зоири шиъа бар асари болои ҳам рехтани издиҳоми бузурги зоирин баста шуда буд. Ин пул минтақаҳои таърихии суннинишин ва шиъанишини пойтахти Ироқро ба ҳам мепайвандад ва мақомот гушоиши дубораи пулро ҳамчун намоиши оштӣ ва ваҳдати миллӣ талаққӣ мекунанд. Сарбозони ироқӣ деворҳоеро, ки ҳаракат аз рӯи ин пулро манъ мекард, аз байн бардоштанд ва акнун дар ду ҷониби пул ду посгоҳи амниятӣ мустақар шудааст.
XS
SM
MD
LG