Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мошинҳои низомиро тасарруф кардаанд


Дар задухӯрдҳои ахир байни нирӯҳои давлатӣ ва ҷангиёни исломӣ дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 13 чирикӣ кушта шуданд. Ин дар ҳолест, ки чирикиҳои толиб як корвони мошинҳоро, ки барои нирӯҳои НАТО дар Афғонистон васоили нақлия ва экмолот мебурд, ба асорат даровардаанд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, даҳҳо мусаллаҳи ниқобпӯш рӯзи душанбе як шоҳроҳро дар минтақаи қабиланишини Хайбар баста, мошинҳои низомиро тасарруф кардаанд. Ба дунбол, чархболҳои ҷангии артиши Покистон сангарҳои ҷангиёнро дар минтақа таҳти ҳамла қарор дод. Бино ба хабарҳо, бар асари ин ҳамла як хонандаи мактаб ва 6 ғайринизомии дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG