Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Эрон ба баёнияи Барак Обама


Алӣ Лориҷонӣ - раиси порлумони Эрон баъди нахустин баёнияи Барак Обама доир ба кишвараш гуфт, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Амрико “ба роҳи нодурусте қадам мегузорад”. Барак Обама рӯзи ҷумъа гуфт, талоши Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ «ғайриқобилиқабул” аст. Айни замон радиои давлатии Эрон гуфтааст, даъвати Обама барои монеъи барномаҳои атомии Эрон шудан, интизороти ин кишвар аз тағйир дар сиёсати хориҷии Амрикоро таҳти шубҳа қарор хоҳад дод. Амрико мегӯяд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, иддаъое, ки Эрон рад мекунад.

XS
SM
MD
LG