Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари навбатии Райс ба Ховари Миёна


Вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс дар роҳ ба Ховари Миёнааст, то гуфтушуниди сулҳи минтақаро идома диҳад. Вай қарор аст аз Исроил, қаламравҳои фаластинӣ, Урдун ва Миср дидан кунад. Тасмими Исроил ба баргузории интихобот дар моҳҳои оянда талошҳои президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Бушро ба таъмини созиши сулҳи Исроил ва фаластиниҳо бесамар гардондааст. Номуайяниҳои сиёсӣ дар Исроил ва пирӯзии Барак Обама дар интихоботи президентии Амрико таъсири ҳукумати Бушро дар рӯзҳои поёнияш маҳдуд кардаанд, аммо интизор меравад, гуфтушуниди арабу Исроил идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG