Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Русия ба сипари дифоъи ҳавоии ИМА


Раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз гуфт, Русия дар посух ба барномаи истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар Аврупои Марказӣ мушакҳои кӯтоҳпарвозашро дар Калинингард мустақар хоҳад кард: "Ба хотири дар сурати зарурат, хунсо кардани системи дифоъи зиддимушакии Амрико дар вилояти Калинингард комплекси мушакии Искандар ҷойгир карда хоҳад шуд".
Дмитрий Медведев ҳамчунин гуфт, Русия барои беасар кардани фаъолияти сипари дифоъии мушакии Амрико дар Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех дастгоҳи харобкунандаи мавҷҳоро истифода хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Литваи ҳамсоя бо Калининград Валдас Адамкус тасмими Русияро "берун аз дарк" хонд. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех тасмими Русия барои ҷойгир кардани мушакҳои кӯтоҳпарвоз дар вилояти Калининградро "мояи таассуф" номидааст. Дмитрий Медведев моҳи май ба ҷойи Владимир Путин раиси ҷумҳури пешини Русия ба ин мақом нишаст.

XS
SM
MD
LG