Тибки як қарори ҳукумати Тоҷикистон, собиқ муъовини раиси телевизиёни давлатии «Сафина» Абдумаҷид Усмонов раиси шабакаи нави давлатии «Ҷаҳоннамо» таъин шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Шабакаи «Ҷаҳоннамо», ки бар асоси қарори ҳукумат таъсис шудааст, интизор меравад, аз фардо ба фаъолият шурӯъ кунад. Тибқи тарҳи шабака, он барномаҳои худро шабонарӯзӣ пахш хоҳад кард.