Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия такрори ҳодисаҳои Гурҷистонро намехоҳад


Сарони Арманистон, Озарбойҷон ва Русия дар як мулоқот дар Маскав ба созиш расиданд, ки масъалаи Қарабоғи кӯҳӣ бояд танҳо бо роҳи осоишта ҳалли худро пайдо кунад. Ҷазирақаламрави Қаробоғи кӯҳӣ бо аксарияти армании аҳолияш дар оғози солҳои навадуми садаи гузашта аз Озарбойҷон ҷудо шуд ва дар ҷангҳо барои он зиёда аз 30 ҳазор нафар ба ҳалокат расид. Расонаҳои хабарӣ гуфтанд, бо ташкили ин мулоқот дар Маскав Русия гӯё аз такрори ҳодисаҳои Гурҷистон пешгирӣ ва як бори дигар амалкарди худро дар Гурҷистон сафед мекунад.
XS
SM
MD
LG