Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурӣ Карим низоми интихоботии Амрикоро зери шубҳа гузошт


Сиёсатмадори тоҷик Бӯрӣ Карим мегӯяд, бо вуҷуди марҳилаи тӯлонии муборизаҳои шадиду ошкоро ва озмоиши ҳамаҷонибаи номзадҳо, мумкин аст, дар интихоботи президентии Амрико на номзаде пирӯз шавад, ки барандаи ин марҳила шудааст. Ба гуфтаи вай, низоми интихоботии Амрико метавонад, раъйи мустақими мардумро дар вобастагӣ ба раъйи гурӯҳҳои вижаи интихоботӣ қарор диҳад. Вай афзуд, барои Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз шояд пирӯзии Барак Обама муносибтар аст. Баҳсу муборизаи интихоботии Амрикоро бо маъракаи интихобобтӣ дар Тоҷикистон Карим ғайри қобили муқоиса номид.
XS
SM
MD
LG