Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири НАТО хостори хуруҷи Русия аз Молдова шуд


Яап Де Ҳуп Схеффер, дабири кулли паймони низомии НАТО, ки аз Молдова дидан мекард, дар Кишинёв гуфт, Русия бояд бар тааҳҳудаш амал карда, нирӯҳо ва таслиҳоти худро аз Молдова берун бикашад. Схеффер ба тааҳҳуди соли 1999 дар нишасти САҲА дар Истамбул супурдаи Маскав дар мавриди хуруҷи нирӯҳояш аз вилояти ҷудоиталаби Трансднестри Молдова ишора мекард. Трансднестр ҳанӯз соли 1990 худро аз Молдова мустақил эълон кард ва ҷанге, ки бар сари ин вилояти ҷудоихоҳ то соли 1992 идома кард, беш аз 1500 кушта бар ҷой гузошт. Бо вуҷуди даъвати Амрико ва ИА аз Маскав, ки бар ваъдаи дар Истамбул супурдааш амал кунад, Русия то ҳол ҳудуди 1500 сарбозашро дар қаламрави Трансднестр нигоҳ доштааст.
XS
SM
MD
LG