Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон


Як ҳайати бонуфуз ба намояндагӣ аз Иттиҳоди Аврупо вориди Душанбе шуда ва қарор аст дар дидор бо мақомоти давлат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷанбаъҳои бунёдии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Интизор меравад ба таври мушаххас масъалаҳои ислоҳот дар низоми додгустарӣ, озодии анҷуману ҷамъомадҳо, ҳуқуқи занону кӯдакон, озодии баён ва матбуот баҳс шаванд. Ин сафар дар чаҳорҳӯби равобити дарозмуддати Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайваста, чунин ҳайатҳо аз Туркманистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ дидан кардаанд.
XS
SM
MD
LG