Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули қонуни зидди порнографӣ дар Индунезӣ


Порлумони Индунезӣ бо вуҷуди мухолифати ақаллиятҳо қонуни зидди порнографиро ба тасвиб расонд. Гурӯҳҳои мухолиф ин тарҳро хилофи озодиҳои ҳунарӣ, динӣ ва фарҳангӣ номиданд. Порлумон нашри маводи ошкоро ҷинсиро бо пешниҳоди ҳизбҳои исломӣ манъ кард, ки мегӯянд, хостори ҷилавгирӣ аз кирдори бадахлоқонаанд. Норозиён мегӯянд, қонуни нав метавонад, зидди ақаллиятҳои ҳинду ва масеҳӣ истифода шуда, сайёҳонро аз сафари кишвар боздорад.
XS
SM
MD
LG