Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Саудия донишгоҳи махсуси занон сохта мешавад


Подшоҳи Арабистони Саудӣ малик Абдуллоҳ ҷиҳати бунёди нахустин донишгоҳи сирф занона дар ин кишвар дастур додааст. Донишгоҳи духтарона дар пойтахти Саудия, шаҳри Риёз, исми малика Нура бинти Абдулраҳмонро дошта, тадрис дар ин мактаби олӣ дар риштаҳои тибб, дорусозӣ, умури идорӣ, улуми компутар ва забономӯзӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Занон дар Арабистони Саудӣ ба маҳзи маҳдудиятҳо ва нобаробарии гендерие, ки дар ин кишвар ҳаст, то ҳол имкони омӯхтани ин улумро дар донишгоҳҳои маъмулӣ надоштанд.
XS
SM
MD
LG