Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумак ба Маҷористон барои рафъи паёмадҳои бӯҳрон


Сандуқи байнулмилалии пул, Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳодияи Аврупо ба хотири рафъи паёмадҳои бӯҳрони молӣ ба Маҷористон беш аз 25 миллиард доллар тахсис медиҳанд. Дар изҳороти Сандуқи байнулмилалии пул омадааст, мақомоти ин кишвар чораҳои возеҳи эҳёи эътимод ба сармоягузорон ва рафъи паёмадҳои бӯҳрони шадид дар бозори молии кишварро таҳия кардаанд. Ференс Гюрчанӣ, сарвазири Маҷористон гуфт:

Сандуқи байнулмилалии пул ин маблағро ба хотири кумак ба Маҷористон дар рафъи бӯҳрон ҷудо кардааст. Кишвар ба ҷуз даромади маъмулӣ бояд маблағ дошта бошад, ки тавассути он ҳифзи иқтисоди Маҷористон ва хонаводаҳои маҷористонӣ мумкин гардад.

Бар асари бӯҳрони сартосарии иқтисодӣ қурби форинт – пули миллии Маҷористон дар баробари евро ва доллар то сатҳи пасттарин пойин рафт.

Моҳи равон Сандуқи байнулмилалии пул ҳамчунин тасмим гирифт барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони молӣ дар Укроин ва Исландия миллиардҳо доллар ҷудо кунад. Музокирот дар ин мавзӯъ бо Белорус ва Покистон идома дорад.

XS
SM
MD
LG