Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 қурбонии ҳавопаймои амрикоӣ дар Покистон


Тибқи гузоришҳо, як ҳавопаймои бехалабони амрикоӣ ба мактаби мазҳабие дар шимолуғарби Покистон, наздик бо Афғонистон мушак партоб кардааст. Дар паи ин ҳодиса ҳафт нафар кушта шуданд. Хабаргузории Ассошейтед Пресс мегӯяд, ки ин мадрасаро як муттафиқи Ҷалолиддини Ҳаққонӣ, як пири Толибони маҳаллӣ идора мекард. Ройтерс мегӯяд, ки дар натиҷаи айнан ҳамингуна ҳамлае дар деҳаи мазкур моҳи сентябр 23 тан аз хешу ақрабои Ҳаққонӣ кушта шуданд. Шурӯъ аз миёнаҳои моҳи август гуфта мешавад, ки ИМА ҳамлаҳои зиёди ҳамсони мушакиро анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG