Normal 0
Сарвазири Арманистон Тигран Саркисиён гуфт, кишвараш аз ҷанги ахири миёни Русия ва Гурҷистон хисороти ҷиддии иқтисодӣ дидааст. Саркисиён зиёни иқтисоди Арманистон бар асари ин низоъро 670 миллион доллар баровард кард ва хостори ёрии Маскаву Вошингтон ба хотири сабуктар кардани авоқиби ин низоъ барои Арманистон шуд.
Дар ҳоле ки Озарбойҷон ва Туркия марзҳои худ бо Арманистонро ба далели моҷарои вилояти ҷудоиталаби Қаробоғ бастаанд, Гурҷистон як масири аслии ҳамлу нақли молу коло ба Арманистон маҳсуб мешуд.