Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мӯҳлати иҷораро дар Баҳри Сиёҳ тамдид мекунад


Сергей Лавров-вазири умури хориҷии Русия гуфт, кишвараш мехоҳад дар бораи тамдиди иҷораи бандари Баҳри Сиёҳи Укроин дар Севастопол бо Укроин ба музокира биншинад. Ин суханони Лавров дар ҳоле садо медиҳад, ки ду рузи пеш Сергей Иванов-муовини нахуствазири Русия изҳор дошт, агар ҳукумати Укроин қарордод дар бораи иҷораро тамдид накунад, Русия аз Севастопол хориҷ хоҳад шуд. Виктор Юшенко-раиси ҷумҳури ғарбгарои Укроин борҳо гуфтааст, ки Русия бояд киштиҳои худро аз бандари Севастополи Укроин баъд аз поёни муҳлати қарордод дар соли 2017 фаро хонад. Аммо Лавров мегуяд, ки бо наздик шудани ин муҳлат Русия пешниҳодҳои нави худро ба ҷониби Укроин ироа хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG