Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи 5 муттаҳам ба ҳамла ба пойгоҳи низомӣ


Normal 0

Дар Амрико 5 нафар бо иттиҳоми таҳияи қасди ҳамла ба пойгоҳи низомиии Форт Дикс, воқеъ дар ҳошияи шаҳри Филаделфия, ба додгоҳ эҳзор шуданд. Муттаҳамин ҳамагӣ мусалмон ва зодагони Туркияву кишварҳои Югославияи собиқ буда, додситонӣ мегӯяд, андешаи ҷиҳод алайҳи Амрикоро дар зеҳни онҳо шабакаи Ал-Қоида ҷой кардааст.

Ин афрод ҳанӯз моҳи марти соли 2007 ба таҳияи қасди ҳамла, аммо на иҷрои он, муттаҳам шуданд.

Вакилони мудофеъ аммо мегӯянд, Созмони федеролии тафтишот, Эф Би Ай, ба хотири ба даст овардани шавоҳид аз хидмати хабаррасонҳои зархарид истифода бурдааст ва муваккилони онҳо ҳеҷ гоҳ андешаи иҷрои чунин ҳамла алайҳи пойгоҳи низомии Амрикоро надоштанд.


XS
SM
MD
LG