Муҳаммадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон таъйид кард, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, раҳбари собиқи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ин вазорат дар водии Рашт ҳамроҳ бо тобеъинаш мавриди афв қарор гирифтааст.
Оқои Солеҳов гуфт, ин қарори афв аз ҷониби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба водии Рашт ба манзури таъмини амният ва субот содир шудаааст.
Вазири умури дохила гуфт, акнун таҳқиқи парвандаи қатли Олег Захарченко, фармондеҳи воҳиди вижаи вазорати умури дохила, ба таъвиқ уфтодааст. Ин фармондеҳи ОМОН моҳи феврал дар як задухӯрд бо маъмурони шӯъбаи таҳти раҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов дар шаҳраки Ғарм кушта шуд.